Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғи нави Наврӯзгоҳро дар майдони зиёда аз 10 гектар замини назди Наврӯзгоҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе асос гузошт ва мардуми кишварро ба вусъати ободкорӣ ҳидоят кард.

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон имрӯз, 24 феврал, ба радиои "Озодӣ" гуфт, аз субҳи барвақт дар мавзеи бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва мутахассисони варзидаи боғпарвар теъдоди зиёди дарахтони ороишию сояафкан шинонда шуд.

Тибқи нақша боғи Наврӯзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин, аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кӯдакон иборат хоҳад буд.

Ҳамакнун, боғи нави Наврӯзгоҳ аз тариқи роҳравҳои ду ҷониби ин шаршараи зебо бо боғи Нишони давлатии Тоҷикистон пайваст шуда, ба ансамбли биноҳо ва боғу майдонҳои маркази шаҳри Душанбе, ки аз Китобхонаи миллӣ, пайкараи Исмоили Сомонӣ, боғи Рӯдакӣ, боғу майдони Парчами давлатии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ ва биноҳои дигари маъмурию фарҳангӣ иборат аст, ҳусни тоза зам мекунад.


XS
SM
MD
LG