Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун ба хатми низоъ дар Конго хушбин аст


Ҷанг дар Ҷумҳурии демократии Конго ҳазорон нафарро барки тарки манзили худ маҷбур сохт
Ҷанг дар Ҷумҳурии демократии Конго ҳазорон нафарро барки тарки манзили худ маҷбур сохт
Сарони бархе аз кишварҳои африқоӣ дар шаҳри Аддис-Абеба, пойтахти Ҳабашистон, зери созиши сулҳ оид ба Ҷумҳурии демократии Конго имзо гузоштанд. Дар таҳия ва имзои созишнома СММ миёнҷигарӣ кардааст.
Бар пояи ин санад, бояд низоъ миёни гурӯҳи М23 (“Ҳаракати 23 март”) ва ҳукумати Ҷумҳурии демократии Конго поён ёбад.

Дар маросими имзои созишнома раҳбарони 11 кишвар, аз ҷумла, Мозамбик, Руанда, Танзания, Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, Ҷумҳурии демократии Конго, Ҷмуҳурии Конго ва Судони ҷанубӣ ширкат доштанд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз имзои соиз истиқбол кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки он боиси сулҳу субот дар минтақа мегардад.

Задухӯрдҳо миёни мусаллаҳони гурӯҳи М23 ва нерӯҳои ҳукумати Ҷумҳурии демократии Конго тақрибан 19 сол боз идома доранд.

СММ дар Конго 17 ҳазор сарбозони нерӯҳои посдори сулҳро мустақар кардааст, ки аз бузургтарин нерӯҳои посдори сулҳ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG