Дар вилояти Тахори Афғонистон имрӯз садҳо нафар дар маросими ҷанозаи даҳ марде ширкат карданд, ки дар Эрони ҳамсоя бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ҳалқовез шуданд.
Хабарнигори Озодӣ дар Тахор мегӯяд, ҷамъомадагон дар волусволии Халифагон алайҳи ин қатл эътироз карданд ва аз ҳукумати Афғонистон ва Созмони Милали Муттаҳид хостанд, ки аз куштори афғонҳо дар Эрон ҷилавгирӣ намоянд. Сокинони ин минтақа мегӯянд, ки тайи шаш моҳи ахир онҳо 80 нафари дар Эрон эъдомшударо ба хок супурданд.
Дар Эрон садҳо сокинони Афғонистон барои қочои маводи мухадир маҳкум ба марг шудаанд.