Пайвандҳои дастрасӣ

Қоҳира санаи интихоботро бознигарӣ мекунад


Мақомоти Миср баъд аз муроҷиати насрониҳои кишвар имкони бознигарии санаи интихоботи парлумониро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора рӯзи шанбе раиси палатаи болоии парлуон Аҳмад Фаҳмӣ хабар дод. Ӯ аз посух ба суоле, ки санаи нави интихобот кай эълон хоҳад шуд, худдорӣ намуд.

Рӯзи паншанбе раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ гуфт, ки интихобот охири моҳи апрел шурӯъ мешавад ва дар чаҳор давра сурат мегирад. Насрониҳои Миср ба он нукта ишора карданд, ки аз чаҳор рӯз се рӯзаш – 28 ва 28 апрел ва 5 май иди мазҳабии онҳо Пасха ё Иди Пок таҷлил мешавад.

Рӯзи шанбе яке аз раҳбарони мухолифин Муҳаммад ал-Барадеӣ ба таҳрими интихоботи парлумонӣ даъват кард.
XS
SM
MD
LG