Пайвандҳои дастрасӣ

"Украинаи мо" афроди "ҷудоиандоз"-ро хориҷ кард


Дар Украина собиқ раиси Шӯрои сиёсии ҳизби мухолифин “Украинаи мо” Сергей Бондарчук ва ҳафт нафари дигар аз узвият хориҷ карда шуданд.

Узви Шӯрои сиёсии ҳизб Ирина Ванникова гуфт, ки ҳамаи онҳо дар талоши ҷудоиандозӣ дар сафҳои “Украинаи мо” айбдор шудаанд. Ӯ афзуд, ки дар бораи мутаваққиф сохтани фаъолияти бахшҳои ҳизб дар вилоятҳои Полтава, Торнопол, Чернигов, Волин, Закарпатие ва Киев тасмим гирифта шуд.

Аз ин пеш Шӯрои сиёсӣ тасмими бахши ҳизб дар шаҳри Киев дар бораи аз сафҳои “Украинаи мо” ихроҷ кардани раҳбари ҳизб, раисиҷумҳури пешин Виктор Юшенкоро лағв намуд.
XS
SM
MD
LG