Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жерар Депардие дар Саранск муқимӣ мешавад


Жерар Депардие
Жерар Депардие
Жерар Депардие, ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ, дар шаҳри Саранск, пойтахти ҷумҳурии Мордовияи Русия, ба таври доимӣ сабти ном шуд. Хабаргузории РИА- Новости бо такя ба вазорати матбуоти Мордовия иттилоъ додааст, ки Депардиеро дар як бинои тозабунёд дар Саранск, дар манзили пайвандони раиси «Госфильмофонд» ва яке аз дӯстони деринааш Николай Бородачев, ба қайд гирифтаанд.

Моҳи январ Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба Жерар Депардие шаҳрвандии Русияро эҳто кард. Тавре аз фармони ӯ бармеояд, раисиҷумҳур дархости дарёфти шаҳрвандӣ аз сӯи Жерар Депардиеро, ки соли 1948 дар Фаронса ба дунё омадааст, пазируфтааст.Ин хабар барои бисёриҳо ғайримунтазира буд, зеро аз ин пеш Депардие гуфта буд, ки мехоҳад шаҳрвандии Белгияро дарёфт кунад. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ӯ ба хотири фирор аз андозҳои баланд дар Фаронса ба манзили наваш дар шаҳраки Нешени Белгия, воқеъ дар наздикиҳои марз бо Фаронса, кӯчид.

Қабл аз ин Депардие аз шаҳрвандии Фаронса даст кашид ва эълом дошт, ки мехоҳад шиносномаи фаронсавии худро супорад.
XS
SM
MD
LG