Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷони ду сиёсатмадори ироқӣ сӯиқасд карданд


Дар Ироқ рӯзи шанбе ба ҷони ду сиёсатмадори маъруф сӯиқасд сурат гирифт. Яке аз онҳо волӣ ҷароҳат бардошт ва дигарӣ – номзад ба вакилии шӯрои вилоят ба ҳалокат расид.

Дар таркиши як маргталаб дар шаҳри Баъқуба, маркази вилояти Диёл, волӣ Умар ал-Ҳумайрӣ маҷрӯҳ шуд. Дар ин ҳодиса ду муҳофизи волӣ кушта ва шаш каси дигар захмӣ шуданд.

Дар вилояти Бобул, воқеъ дар ҷануби Бағдод, бошад бар асари таркиши бомб номзад ба вакилии шӯрои вилоят Ҳасан Ҳодӣ ал-Ҷанабӣ ва ду тан аз хешовандонаш ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG