Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифини Сурия: Масъулияти ҷиноёт бар дӯши Маскав аст


Эътилофи миллии нерӯҳои инқилобӣ ва мухолифини Сурия аз фиристодани намояндагонаш ба Маскав ва Вошингтон сарпечӣ кард.

Намояндагони Эътилофро мақомоти Русия ва ИМА барои музокирот оид ба мусолиҳаи миллӣ дар Сурия даъват карда буданд.

Дар изҳороти ахири Эътилоф ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин ниҳоди мухолифин ширкаташ дар конфаронси байнулмиллалии ии “дӯстони Сурия”-ро низ мутаваққиф мекунад. Қарор аст, нишасти навбатии ин гурӯҳ моҳи оянда дар Рум баргузор шавад.

Мухолифини ҳукумати Димишқ сарпечии худ аз музокиротро бо “мавқеъи шармандавори ҷомеъаи байнулмиллӣ” рабт додаанд, ки ба гуфтаи онҳо, “ҳалокати садҳо сокинони осоишта аз зарбаи мушакҳои “Скад” ва нобудсозии батадриҷи шаҳри бостонии Ҳалаб ва мардуми онро нодида мегирад”.

Дар изҳорот омадааст, ки масъулияти ахлоқӣ ва сиёсии куштори мардуми осоишта бар дӯши раҳбарияти Русия аст, зеро он режими Башор Асадро бо силоҳ таъмин мекунад.

Аз ин пеш дар нишасте дар шаҳри Қоҳира Эътилоф дар бораи таъсиси ҳукумате тасмим гирифт, ки дар “вилоятҳои озодшуда” фаъолият хоҳад кард. Қарор аст нахуствазир ва мансабдорони ҳукумати нав рӯзи 2-юми март дар нишасте дар шаҳри Истамбули Туркия таъйин карда шаванд.

Эътилоф ҳамчунин изҳор намуд, ки барои имзои созиши сулҳ ба хотири хатми ҷанг дар Сурия омода аст, аммо ба шарте, ки Башор Асад мақомашро тарк намояд. Намояндаи эътилофи мухолифин Валди ал-Буннӣ гуфт, "Башор Асад ва мансабдорони амниятӣ, ки масъули то ба ин дараҷа расидани авзоъ дар кишваранд, бояд барканор ва аз ҳама равандҳои сиёсӣ берун андохта шаванд".

Ал-Буннӣ афзуд, ки Эътилоф барои музокирот бо кафолати байнулмилалӣ аз сӯи Шӯрои амнияти СММ, ба вижа, аз сӯи ду узви доимии он Русия ва ИМА, ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол аз Ҳалаб дар бораи зарбаҳои нави ҳавоӣ ба ин шаҳр иттилоъ мерасад. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, дар зарбаҳои ахир дасти кам 29 нафар кушта ва 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Хабаргузории ДПА бо такя ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯяд, ки бисёр ҷасадҳо то ҳанӯз зери харобаҳоянд. Ин иттилоъро дигар манбаъҳо тайид накардаанд.

Аз ин пеш фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Ахзар Иброҳимӣ изҳор намуд, ки теъдоди қурбониёни инфиҷори мудҳиши рӯзи панҷшанбе дар маркази Димишқ тақрибан сад нафар аст. Қаблан гуфта мешуд, ки дар ин ҳамла 60 нафар ҷон бохта, 250 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ахзар Иброҳимӣ ин ҳамларо “ҷинояти низомӣ” номид.

Ахиран раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ҳам ҳамлаи Димишқро маҳкум кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG