Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи медали биринҷии мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон, марҳилаи севуми омодагиро ба мавсими нави футбол дар Кувайт анҷом хоҳад дод.

Ба иттилои Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи футболи “Истиқлол”, футболбозони Душанбе баъди анҷоми мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар Бишкек, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 12 бозигари “Истиқлол” шомиланд, ба Кувайт сафар хоҳанд кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи “Истиқлол” дар Кувайт аз 25-уми март то 5-уми апрел баргузор мешавад. Дар ин давра дар ҷараёни омодагӣ ба мавсими нави футбол, ҳамчунин, ду бозии санҷишӣ бо бошгоҳҳои маҳаллии ин кишвар ба нақша гирифта шудааст.]

Ёдовар мешавем, ки дар айни ҳол дастаи “Истиқлол” дар шаҳри Қайроққум таҳти раҳбарии сармураббӣ Никола Кавазович, мутахассиси сербиягӣ, тамрин мекунад ва ҳамзамон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG