Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони полиси Хайбар се ҳамлагарро нобуд сохтанд


Кормандони полис дар вилояти Хайбар-Пахтунхва, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, се фарди мусаллаҳро, ки ба мошини кормандони полис ҳамла карда ба он норинҷак андохта буданд, ҳадафи тир қарор доданд.

Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳамла, ки рӯзи шанбе дар як шоҳроҳи канори шаҳри Акора Хаттак сурат гирифт, як афсари полис кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Акора-Хаттак дар тақрибан 50-километрии шарқи шаҳри Пешовар ҷойгир шудааст.

Масъулияти ҳамларо касе бар ӯҳда нагирифтааст, аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳҳое карданд, ки пайваста ба нерӯҳои полису амниятӣ ва низомиёни мустақар дар ин минтақа ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG