Пайвандҳои дастрасӣ

Аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, бист сол пур шуд.

Ба ин муносибат имрӯз дар шаҳри Душанбе гузашти (парад) низомӣ бо ширкати ҳудуди даҳ ҳазор нафар аз сарбозон ва афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуд. Гузашти низомӣ соати 9:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ оғоз ёфт ва ҳама шабакаҳои телевизиони давлатӣ онро ба таври мустақим пахш карданд.

Паради низомиро сардори горнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев ҳидоят намуд ва онро вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев қабул кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарфармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, сарбозону афсаронро ба иди касбиашон табрик гуфт.

Дар паради низомӣ афсарону сарбозони вазорати дифоъ, Горди миллӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва нерӯҳои умури дохиливу дигар ҷузву томҳо ҷалб шудаанд. Барои аввалин бор дар таърихи Артиши миллӣ, отряди занҳои низомӣ, ки дар дастгоҳи марказии вазорати дифои Тоҷикистон амал мекунад, дар гузашти ҳарбӣ ширкат карданд.


Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз Шӯравии собиқ нагирифтааст, ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи як ҷанги тамом гузаштааст. Он фаъолияти хешро дар соли 1993 дар авҷи ҷанги дохилӣ шурӯъ карда, солҳои баъдӣ низ ҳамеша дар амалиёт ва чораҷӯиҳои амниятӣ саҳм гирифтааст.

Сар аз соли 1997 шурӯъ карда, пайваста дар тамриноти минтақаӣ ва байналмилалӣ ширкат карда ва саҳми муносибе дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ доранд.

Ин артиш аз неруҳои хушкигард, зудамал, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ таркиб ёфта, ҳудудан аз 12 то 16 ҳазор нафар иборат аст ва Тоҷикистон солона барои артишаш беш аз 72 миллион доллари амрикоӣ тахсис медиҳад. Артиши миллии Тоҷикистон ҳамакнун дар ихтиёри худ 46 зиреҳпӯшу 37 тонк, 23 тӯпхона ва танҳо 3 чархболу 1 ҳавопаймо дорад.
XS
SM
MD
LG