Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Сурия ҳукумат таъсис медиҳанд


Раҳбарони мухолифони Сурия рӯзи 2 март дар шаҳри Истанбули Туркия гирди ҳам омада, нахуствазир ва ҳукумати муваққатеро таъсис медиҳанд, ки дар манотиқи таҳти тасарруфи шӯришиён фаъолият хоҳад кард. Волид ал- Баннӣ, сухангӯи Эътилофи Миллии Сурия, гуфт, намояндагони эътилоф санаи таъсиси ҳукуматро дар нишасти дурӯза дар шаҳри Қоҳира таъйин кардан. Аммо маълум нест, ки ҳукумати муваққати мухолифон, чӣ гуна дар минтақаҳои ишғолкардаи шӯришиён фаъолият хоҳад кард, зеро нерӯҳои ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия қудрати ҳамлаи ҳавоиву заминӣ ба тамоми қаламрави кишварро доранд. Айни замон Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи махсуси Созмони Милал барои Сурия рӯзи панҷшанбе гуфт, ки бомбгузории маргбор дар шаҳри Димишқ сад нафарро куштааст ва як ҷиноятӣ ҷангӣ аст.
XS
SM
MD
LG