Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду қирғиз бо иттиҳоми тундгароии исломӣ


Маъмурони амниятии Қирғизистон ду нафарро бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир як созмони тундрави исломӣ дастгир кардаанд. Раёсати умури дохилии шаҳри Ҷалолобод гуфт, ки аз манзили ин ду нафар, китобу шабнома ва диску наворҳои тарғиботии созмонро кашфу мусодира кардаанд. Рӯзи сешанбе дар ҳамин шаҳр панҷ нафарро бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт кардаанд, ки қасд дорад, дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ хилофати исломӣ бисозад. Фаъолияти ин созмон дар қаламрави тамоми кишварҳои муштаракулманофеъ мамнӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG