Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон фурӯши маводи диниро маҳдуд мекунад


Порлумони Озарбойҷон рӯзи ҷумъа қонунеро ислоҳ кард, ки фурӯши маводи мазҳабиро маҳдуд мекунад. Бар асоси ин қонун дар Озарбойҷон ба фурӯши китобу наворҳои видеоӣ, диск ва сабти мавъизаҳо ва маводи мазҳабие иҷоза дода мешавад, ки бо тамғаи хоси давлатиро дошта бошад. Тамоми ин мавод ҳамчунин бояд дар фурӯшгоҳҳои махсус фурӯхта шаванд. Оқтай Асадов, раиси порлумони Озарбойҷон гуфт, ки ҳадаф аз ин кор, пешгирӣ аз воридоти маводи мазҳабии ғайриқонунӣ ва тарғибкунандаи тундгароӣ ба Озарбойҷон аст. Аксарияти аҳолии 9 миллион нафарии Озарбойҷон шиъамазҳаб ҳастанд.
XS
SM
MD
LG