Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО: Дар мавриди Афғонистон тасмиме нашудааст


Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, дар мавриди теъдоди нирӯҳои амниятии Афғонистон баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф тасмиме гирифта нашуд. Матбуот қаблан гуфт, мақомоти НАТО мехоҳанд шумори нирӯҳои афғонро то соли 2018 ба 352 000 нафар бирасонанд, ки барои ин паймон ба қимати чандин миллиард доллари бештар тамом хоҳад шуд. Расмуссен дар анҷоми нишасти дурӯзаи вазирони дифоъи НАТО дар Брюссел гуфт, дархосте барои таъмини молии нирӯҳои афғон нашудааст. Ӯ афзуд, тасмими НАТО дар мавриди узвияти Гурҷистону Украина низ муаллақ боқӣ мемонад. Вале ӯ аз таъқибҳои мунтахаб дар Украина изҳори ташвиш кард.
XS
SM
MD
LG