Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавонони тоҷик Иосиф Сталинро намешиносанд


Иосиф Сталин ва Климент Ворошилов ҳангоми мулоқот бо колхозчиёни пешсафи Тоҷикистон ва Туркманистон дар Маскав, 3 сентябри соли 1935.

Иосиф Сталин ва Климент Ворошилов ҳангоми мулоқот бо колхозчиёни пешсафи Тоҷикистон ва Туркманистон дар Маскав, 3 сентябри соли 1935.

Муаррихон бар инанд, ки бояд дар бораи неку бади раҳбари собиқи Шӯравӣ иттилои комил дода шавад.

Ҷавонони Тоҷикистон Сталинро ё умуман намешиносанд, ё дар борааш хеле кам иттилоъ доранд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна онҳо ҳамагӣ як бор, дар синфи даҳум ва хеле кӯтоҳ бо номи раҳбари собиқи Шӯравӣ ва як акси ӯ рӯбарӯ мешаванд.

Нозим Ҳакимов, муаллифи ин китоби дарсӣ мегӯяд, он акс ҳам бо пойфишориҳои нависандаи китоб нашр шудааст: «Фақат ҳамин қадар маълумот оварда шудааст, ки Сталин кадом солҳо ҳукмронӣ кардаасту чӣ вазифа дошт. Ҷавононе, ки баъди солҳои 1960 -ум таваллуд шудаанд, дар бораи ин шахсият маълумоти кофӣ ва дуруст надоранд. “

Ба иллати камбуди иттилои расмӣ ҷавонон, ки имрӯз дар бораи Сталин камубеш тассавурот доранд, ин маълумотро аз нақлҳои хонаводагӣ гирифтаанд. Ва ғолибан ин маълумот якҷониба аст. Баҳром донишҷӯи факултаи таърихи донишгоҳи омӯзгорӣ мегӯяд, шахсиятҳое ба мисли Сталин дар таърихи башарият ангуштшуморанд. Тавре Баҳром шунидааст, Сталин даст ба ришват намезад ва тасмиму амалҳои ӯ мутобиқи замонаш гирифта мешуд: «Албатта, ҳарчанд Сталин дар тақсими ҳудуди Осиёи Миёна ба манифати Тоҷикистон он қадар таваҷҷӯҳ накард, аммо аз раҳбароне буд, ки тавонист дар як давраи пурмушкилу сангин кишварҳои бародарро аз зулм ва асорати фашистон наҷот диҳад. Аз хислатҳои манфии ин шахс низ зиёд менависанд, вале ман фикр мекунам, кору рафтори ин шахсият воқеан шоёни таҳсин аст.»



Бархе аз ҷавонон, мегӯянд Сталинро барои тамоми президентҳои қаламравӣ собиқ шӯравӣ метавонад намуна медонанд. Фотима, ки аз китоб ва филмҳо маълумот гирифтааст мегӯяд, вай барои амнияти кишвараш омода буд, ҳатто аз баҳри фарзанди худ бигзарад:«Барои ман Сталин идеал аст, агар ӯ роҳбари хуб намебуд барои ободии кишвараш шуда, писарашро пеши душманҳо намепартофт . Ӯ корнамоиҳои зиёде кардааст.»

Вале на ҳама ҳамсолони Фотима ба ин андешаҳои ӯ мувофиқанд. Бархе аз ҷавонони дигари огоҳ ва таърихшиноси тоҷик мегӯянд, маҳз дар давраи Сталин шахсиятпарастӣ дар авҷ буду рӯшанфикрони зиёди тоҷик барои ақида ва бедорфикриашон зиндонӣ ва несту нобуд шудаанд. Бо ишора ба ин ва тақсимоти ноодилонаи ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ ин гурӯҳи ҷавонон аз Сталин як шинохти манфӣ доранду аз ӯ чун як шахсияти золим ва худхоҳ ном мебаранд. Дилафрӯз, як ҷавони тоҷик, ки низ роҷеъ ба Сталин аз китобу филмҳои мустанад иттилоъ гирифтааст мегӯяд: “Бисёр шахсиятҳои баруманди тоҷик бо фармони он кас қатл карда шудаанд. Аз он чизҳое, ки дар китоҳо хондаву шунидаам, Сталин дар тассавури ман чун як шахсияти ҷоҳилу хунхор аст. ”

Наврӯз мусоҳиби дигари мо аз он шикоят мекунад, ки имрӯз дар китобҳои таърих роҷеъ ба шахсиятҳои маъруфи шӯравӣ ба хусус Сталин маълумотҳи мухталиф дода шудааст, ки ин ҷавононро роҳгум мекунад.

Муаррихони тоҷик ҳам мегӯянд, бо вуҷуди ҷой доштани камбудивҳое дар шеваи раҳбарии Сталин, ӯ чун як шахсияти баҳсбарангез дар таърих боқӣ мемонад ва бояд ба муҳаасилин имкон дод, то роҷеъ ба ӯ шинохти дурусту дақиқе пайдо кунанд. Руҳулло Ҷӯрабоев, мардумшинос ва омӯзгори тоҷик мегӯяд: «Ҳоло нимпайкараҳои Сталин дар баъзе амборҳои колхозу ҷамоатҳо нигоҳ дошта мешаванд, ин нисбати як ҳошияи таърих ноҳурматӣ аст. Бигзор ин нимпайкараҳо дар осорхонаҳо ё ҷои намоёне истад, то ҷавонон бубинанд ва дар бораи ин гуна шахсиятҳо маълумот пайдо кунанд. Мо бояд фаромӯш накунем, ки агар мо гузаштаро наомӯзем ба имрӯзу фардо баҳо дода наметавонем.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG