Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи чоруми додгоҳи Писториус


Писториус дар додгоҳ (Акс аз 15 феврал)
Писториус дар додгоҳ (Акс аз 15 феврал)
Додгоҳи Африқои ҷанубӣ 4 рӯз боз дархости дар ивази гарав раҳо кардани чемпиони Бозиҳои паралимпӣ дар давидан Оскар Писториусро муҳокима мекунад. Ӯ ба қатли қасдонаи дӯстдухтараш айбдор мешавад. Рӯзи ҷумъа додситон Ҷеррӣ Нел гуфт, ҳукми зиндони Писториус “қариб таъмин” аст ва азбаски хатари фирори ӯ вуҷуд дорад, озодии шартӣ қобили қабул нест. Вакилони Писториус вале мегӯянд, ӯ фарди хеле маъруф аст, ки фирор кунад. Ба гуфтаи додситонҳо, Писториуси 26-сола рӯзи 14 феврал аз дохили ҳаммоми баста дар манзили худ дӯстдухтараш Рива Стинкампи 29-соларо дониста паррондааст. Худи ӯ мегӯяд, Стинкампро дузд гумошта, тир андохта буд. Писториус, ки пойҳои сунъӣ дорад, дар Олимпиадаи Лондон бо варзишгарони солим рақобат карда буд ва то ин қазия дар ватанаш - Африқои ҷанубӣ - қаҳрамони варзиш шинохта мешуд.
XS
SM
MD
LG