Пайвандҳои дастрасӣ

Қарордоди энержии Бишкеку Маскав тасвиб шуд


Парлумони Қирғизистон созишнома бо Русия дар мавриди бунёди нирӯгоҳҳо дар рӯди Норинро тасвиб кард. Ин қарордод бояд акнун аз сӯи раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев имзо шавад. Тибқи ин созиши моҳи сентябр, ки дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Бишкек имзо шуд, Маскав барои сохтани нирӯгоҳҳо дар Норин 1,7 миллиард доллар ҷудо мекунад. Баҳси гарми созишнома дар парлумони қирғиз аз моҳи декабр ба ин сӯ идома дошт. Узбакистони ҳамсоя, чун дар мисоли Роғун, башиддат мухолифи ин тарҳ аст.
XS
SM
MD
LG