Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мураббиёну доварони тоҷик қоидаҳои нави дзюдоро омӯхтанд


Федератсияи байналмилалии дзюдо ахиран ба қоидаҳои ин навъи олимпии варзиш тағйироту иловаҳо ворид кардааст.

Мусобиқоти имсолаи сатҳи байналмилалӣ то ба қаҳрамонии ҷаҳон дар Рио-де-Жанейро аз рӯи қоидаҳои нави дзюдо баргузор мешаванд. Дар ин мавзӯъ Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинари мураббиёну доваронро доир кард.

Маҳмуди Абдуллоҳ, довари дараҷаи байналмилалӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “қоидаҳои нави дзюдо имкон медиҳанд, ки ин риштаи маъмули варзиш боз ҳам шавқангез гардида, баҳогузорӣ боадолат ва барои тамошогарон фаҳмотар шавад. Масалан, дар доварии дзюдо баъзе тағйирот ба амал омадааст. Ба ҷараёни қувваозмоии паҳлавонон дар татамӣ ё гилеми гуштигирӣ танҳо як довар баҳогузорӣ мекунад. Довари дувум паси миз нишаста, ба рафти қувваозмоӣ назорат менамояд. Аз пойи ҳариф гирифтан мамнуъ аст. Муайян кардани ғолиб аз рӯи овоздиҳии доварон ё истилоҳи “хантей” бекор карда шуд. Вақти даври иловагӣ ё «голден скор» маҳдуд карда намешавад. “Иппон”, баҳои баланд, танҳо дар мавриде дода мешавад, ки баъди партофти паҳлавон рақибаш ба тахтапушт афтад. “Иппон” барои нигоҳ доштани рақиб дар муддати 20 сония (пеш 25 сония буд), “юко” барои 10 сония ва “ваза-ари” барои 15 сония дода мешавад.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
Линки мустақим


Ба назари мутахассисони соҳа қоидаҳои нав ба худи дзюдочиён таъсири мусбат мерасонанд. Ян Снэйдерси ҳолландӣ, мудири бахши доварони Федератсияи байналмилалии дзюдо, гуфтааст, ки қоидаҳои нав ба гуштигирон имкон намедиҳанд, ки дар ҷараёни қувваозмоӣ фаъол набошанд. Ин дигаргуниҳо ба қоидаҳои дзюдо бар асоси таҳлили амиқи мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ворид шудаанд ва тасмими қатъӣ баъди мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон гирифта хоҳад шуд. Сипас ин қоидаҳо дар мусобиқоти дзюдо дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016-ум роҳандозӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG