Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши ёриҳои Вазорати умури хориҷии Амрико


Кӯмакҳои Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои пасошӯравӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Иёлоти Муттаҳида ёриҳои худро ба кишварҳои пасошӯравӣ коҳиш хоҳад дод. Қарор аст, ҳаҷми ин кӯмакҳо ба давлатҳои Осиёи Марказӣ 13 ва Қафқоз 24 дарасад камтар шаванд. Аз сӯи дигар ёрмандиҳои Амрико ба ин кишварҳо акнун бештар ба риштаи амният тамаркуз хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки қаблан Иёлоти Муттаҳида маблағҳои зиёдеро ба таври ройгон барои ислоҳоти сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи тандурустӣ равона мекард.

Бино ба тарҳи нав ёриҳои Амрико ба давлатҳои Осиёи Марказӣ 118,3 миллион долларро ташкил хоҳад дод, ҳол он ки дар сооли 2012 Вашингтон ба ин кишварҳо наздики 134 миллион доллар кӯмак фиристода буд. Бо вуҷуди ин бахши кӯмакҳо ба нерӯҳои интизомӣ ва марзбонӣ тақрибан бетағйир боқӣ мондааст.

Имдоди Иёлоти Муттаҳида ба Гурҷистон дар соли гузашта 85 миллион долларро ташкил дода буд ва акнун то 67 миллион коҳиш меёбад. Дар ин баста кӯмакҳо ба рушди иқтисодии Гурҷистон камтар шуда, ҳимоят аз нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ва омодагии онҳо ба ҳамкории бештар бо НАТО (21,7 миллион доллар) бетағйир боқӣ мемонад.

Қирғизистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯйи дарёфти кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида баъд аз Гурҷистон дар ҷои дуюм қарор дорад. Ҷолиб аст,ки ҳаҷми умумии ёриҳои Амрико ба ин кишвар бетағйир ва дар сатҳи 47 миллион доллар боқӣ мондааст. Аммо дар дохили баста тағйирҳо ба вуқӯъ пайваста, ёриҳо ба ниҳодҳои қудратии Қирғизистон аз 6,3 миллион доллари соли гузашта ба 9,2 миллион доллар мерасад. Ин барнома ҳамчунин таҳкими нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва рушди “омодагии онҳо ба таҳдидҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла терроризм”-ро дар назар дорад.

Кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар соли молии равон аз 45 миллион доллари соли гузашта то 37,4 миллион доллар коҳиш хоҳад ёфт. Аз ҷумла ёриҳои низомии Вошингтон ба Душанбе имсол 9,8 миллион долларро ташкил хоҳад дод, ки низ аз 11,7 миллион доллари соли қаблӣ камтар аст. Ба ҳамин тартиб ёрӣ ба Арманистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон низ назар ба соли гузашта ба андозаи 4,5-5 миллион доллар камтар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол ёриҳои Иёлоти Муттаҳида ба Узбакистон тақрибан дар сатҳи соли гузашта боқӣ монда, 12,6 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Аз ин 3,4 миллионаш кӯмаки амниятӣ ба шумор меравад. Имдод ба Туркманистон аз 9,9 миллион то 6,7 миллион доллар поин хоҳад омад. Ҳимоят аз таҳкими амният дар ин баста низ камтар шуда, аз 2,9 ба 2,1 миллион хоҳад расид.

Ҳамаи ин арқом ба ёриҳои Иёлоти Муттаҳида аз тариқи Вазорати умури хориҷии ин кишвар марбут аст ва нуктаи дигареро низ дар назар дорад, ки солҳои охир кӯмакҳои Вазорати дифои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар ҳоли афзоиш аст. Аммо коҳиши умумӣ дар ин навъи ёриҳо низ ба вазъи молиявии Иёлоти Муттаҳида ва талошҳои коҳиши харҷи давлатӣ рабт мегирад.
XS
SM
MD
LG