Пайвандҳои дастрасӣ

Худодод Азизӣ бо “Хайр” ба ҳайси сармураббӣ шартнома бастанист


Худодод Азизӣ, беҳтарин футболбози Осиё-1996, собиқ ҳамлагари тими мунтахаби миллии Эрон, ба Тоҷикистон омадааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳадафи сафари Худодод Азизӣ бастани шартнома бо дастаи лигаи олии Тоҷикистон - “Хайр”-и Ваҳдат мебошад.

Баҳриддин Мирзоев, сардори бошгоҳи футболи “Хайр”, ба сомонаи интернетии Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, ки Худодод Азизӣ метавонад сармураббии дастаи «Хайр» шавад. Мутахассиси эронӣ имрӯз, 22-юми феврал, бо ҳайати бошгоҳи “Хайр” ошно мешавад ва бозии санҷишии “Хайр”-ро дар шаҳри Ваҳдат бо тими «Энергетик”-и Душанбе назора мекунад.

Худодод Азизӣ 22-юми июни соли 1971 дар Машҳад таваллуд шудааст. Вай бозигари бошгоҳҳои футболи Эрон - «Абумуслим», «ПАС», «Баҳман», «Персеполис» буд. Вай соли 1997 ба Олмон рафт ва узви тими «Кёлн» шуд. Азизӣ ҳамроҳи ҳамдиёронаш Алӣ Доӣ ва Карим Боқирӣ аввалин эрониҳое буданд, ки дар Бундеслигаи Олмон бозӣ кардаанд.

Баъди се мавсими ҳунарнамоӣ дар “Кёлн”, вай бо бошгоҳи «Сан-Хосе»-и Калифорния шартнома баст. Ӯ соли 2001 ба бошгоҳи «Ал-Наср»-и Аморати Муттаҳидаи Араб гузашт ва сипас ба Эрон баргашт ва дар бошгоҳҳои мухталиф бозӣ кард.

Азизӣ Эронро солҳои 1996 ва 2000-ум дар Ҷоми Осиё, соли 1998 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Фаронса намояндагӣ кардааст. Вай беҳтарин футболбози Осиё дар соли 1996 дониста шудааст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Эрон 47 бозӣ карда, 11 тӯб задааст.

Баъди мавсими солҳои 2005-2006 мартабаи Худодод Азизӣ ҳамчун футболбози ҳирфаӣ ба анҷом расид. Баъдан ӯ дар бошгоҳи худ - КФ «Абумуслим» ба ҳайси мушовири раиси бошгоҳ ифои вазифа намуд.

Азизӣ ҳамчунин ҳаммолики ширкати «Маҷид» мебошад, ки ба истеҳсоли либоси варзишӣ бо дастгирии молии Абдул Маҷид Саидифар машғул аст. Вай ба ин ширкат 400 ҳазор доллар саҳмгузорӣ кардааст.

Худодод Азизӣ ба ҳайси мураббӣ дар бошгоҳҳои футболи «Абумуслим», «Паём» ва «Истиқлол Аҳвоз» кор кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG