Пайвандҳои дастрасӣ

"Хайр" ситораи футболи Эронро даъват кардааст


Худодод Азизӣ

Худодод Азизӣ

Яке аз ситораҳои собиқи футболи Эрон Худодод Азизӣ метавонад сармураббии тими “Хайр”-и Ваҳдат шавад. Ӯ феълан барои шиносоӣ бо ин тим ва баррасии ҷузъиёти қарордодаш дар Тоҷикистон қарор доштааст. Худодод Азизӣ, ки феълан 42 сол дорад, соли 1996 беҳтарин футболбози қораи Осиё шуда буд.
Худодод Азизӣ ибтидо дар тимҳои эронии “Абӯмуслим”, ПАС, “Баҳман” ва “Персеполис” бозӣ карда, соли 1997 ба тими олмонии “Кёлн” ва баъдан ба Амрико рафт. Азизӣ дар 46 бозиаш дар тими миллии Эрон 11 гол задааст.
“Хайр” дар мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо 52 имтиёз ҷои чорумро гирифта буд.
XS
SM
MD
LG