Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз баҳри як қисми қарзи Куба мегузарад


Медведев дар мулоқот бо Кастро
Медведев дар мулоқот бо Кастро
Русия розӣ шудааст, ки як бахши қарзҳои Кубаро хат занад. Ин санад дирӯз зимни боздиди сарвазири Русия Дмитрий Медведев аз Ҳавана ва мулоқоташ бо раисиҷумҳур Раул Кастро имзо шуд.
Хабаргузории Reuters аз қавли вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуров хабар дод, ки Маскав аз баҳри як қисми 30 миллиард доллар қарзи Куба гузашта, барои бақияи ин қарз барномаи 10-солаи таъмини дубораи молиро пешниҳод мекунад.
Ҳамчунин қарор шуда, ки Русия ба Куба ба маблағи 650 миллион доллар 8 ҳавопаймои ҷангӣ бидиҳад. Русияву Куба дар даврони Ҷанги сард равобити зич доштанд, вале муомилоти онҳо баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ башиддат коҳиш ёфт.
XS
SM
MD
LG