Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон - дар рӯбарӯи мавҷи нави фишори қудратҳо


Сентрифугаҳои корхонаи Натанз(Акс аз бойгонӣ)
Сентрифугаҳои корхонаи Натанз(Акс аз бойгонӣ)
Эрон дар пайи нашри гузориши наве, ки мегӯяд, Ҷумҳурии исломӣ ба насби сентрифугаҳои қавитар дар бузургтарин корхонаи ғанисозии уранаш шурӯъ кардааст, метавонад ба фишори навбатӣ аз сӯи қудратҳои ҷаҳонӣ рӯбарӯ шавад. Амрико ин иқдоми Эронро “иғвоангез” номида, Бритониё аз он изҳори “нигаронии ҷиддӣ” кард. Рақиби минтақавии Эрон – Исроил – гуфт, Эрон ба тавлиди урани ғанишуда барои сохтани бомби ҳастаӣ "беш аз ҳар вақти дигар наздиктар шудааст." Ожонси назорати нирӯи атомии СММ рӯзи 22 феврал гузориш дод, ки Эрон ба насби сентрифугаҳои пешрафта дар корхонаи Натанз оғоз кардааст. Ин ба Эрон имкон медиҳад, ғанисозии уранашро ба сатҳи болотар бардорад. Эрон ҳар навъ талошаш барои сохтани силоҳи ҳастаиро радд мекунад. Ҳафтаи оянда дар Қазоқистон даври нави музокироти ҳастаии Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG