Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ: Беш аз 60 кушта дар як рӯз


Асароти бомбгузорӣ дар пойтахти Сурия
Асароти бомбгузорӣ дар пойтахти Сурия
Ҳалокати беш аз 60 нафар дар Димишқ рӯзи 21 февралро ба яке аз хунинтарин рӯзҳо барои пойтахти Сурия дар давоми қариб ду соли ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад табдил дод. Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, 53 нафар бара сари таркиши мошини бомбгузоришуда дар наздикии қароргоҳи ҳизби ҳокими Баъс ва сафорати Русия кушта шуданд. Фаъолони зиддирежим шумори кушташудаҳоро 59 нафар мегӯянд. Бинои сафорати Русия осеб дидааст, вале ба гуфтаи мақомот, касе аз ходимонаш дар соати ҳамла онҷо ҳузур надошт. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳамларо кӣ анҷом додааст. Дар дастикам як бомбгузории дигари дирӯза дар Димишқ дастикам 8 тани дигар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG