Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Адолат» - нашрияи демократҳои Тоҷикистон эҳё мешавад?


Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, 22 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки оиномаи нашрияи «Адолат»-ро барои сабти дубора ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Раиси ҳизб афзуд, ки бидуни як минбари хос ҳизб наметавонад дар бораи барнома ва аҳдофаш бо ҷомеа дар тамос бошад. Пас аз сабти дубора нашрияи «Адолат» пайваста нашр ва бидуни таъхир ба дасти хонанда хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки аз соли 2006 ба ин тараф нашрияи «Адолат» ба табъ нарасидааст ва имкон дорад, ки дар ин байн ягон нашрияи дигаре бо ин ном сабт ҳам шуда бошад. Вазорати фарҳанг таи як ҳафта асноди марбутаро дар мавриди сабти дубораи ин нашрия меомӯзад ва баъдан хулосаи хешро эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG