Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифон дар Миср президент Мурсиро ба коинот мефиристанд?


Фаъолони ҷунбиши мухолифони Миср, ба нишони эътироз аз сиёсатҳои пешгирифтаи президенти кишвар, мехоҳанд ӯро ба коинот фиристанд, то бо ин роҳ аз ӯ халос шаванд.

Хабаргузории «РИА Новости» менависад, аъзоёни «Ҳаракати 6-уми апрел» аз номи Мурсӣ барои иштирок дар озмуне, ки ҷоизаи аслии он сафар ба коинот будааст, дархост фиристодаанд. Барои ворид шудан ба феҳристи 22 ширкаткунандаи асосӣ, довталабро мебояд сараввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ раъйи бештаре ба даст орад ва танҳо баъд аз он метавонад аз номи кишвари худ дар ин озмун иштирок намояд.

Фаъолони ҷунбиш аз ҷонибдорони хеш даъват ба амал овардаанд, ки номзадии Мурсиро тарафдорӣ намоянд ва ба ин роҳ аз раҳбаре, ки умедҳои онро бароварда накард, халос шаванд.

Озмунро як ширкати истеҳсоли атриёт барои мардон бо номи «Axe» доир мекунад, ки ба ҳайси мушовир дар он кайҳонаварди амрикоӣ Базз Олдрин - «шахси дуюм дар моҳ» даъват шудааст.

Аъзоёни «Ҳаракати 6-уми апрел» яке аз фаъолтарин нерӯҳо дар инқилоби соли 2011 буданд, ки боиси суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар ин кишвар шуд.

Дар интихоботи моҳи июни соли 2012 аксари фаъолони ин ҷунбиш аз номзадии Муҳаммад Мурсӣ ҷонибдорӣ карданд, аммо моҳҳои аввали фаъолияти раҳбари нави Миср, боиси норозигии онҳо гардид.
XS
SM
MD
LG