Пайвандҳои дастрасӣ

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки бо роҳбарии сармураббӣ Никола Кавазович дар шаҳри Қайроққум тамрин мекунад, боз як бозии санҷишӣ анҷом дод.

Ин дафъа рақиби “Истиқлол” дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд буд. Дар ин бозии санҷишӣ, ки 21-уми феврал дар Қайроққум баргузор шуд, “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 9:1 ғалаба кард.

Бозигари нави “Истиқлол” ҳамлагар Юдҷин Сепуйя аз Уганда дар ин бозӣ чаҳор гол зад ва “покер” кард. Фатҳулло Фатҳуллоев ду гол, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Эргашев ва Дилшод Восиев якголӣ заданд. Бояд гуфт, ки легионери африқоӣ Сепуйя дар дақиқаи 45+1, замоне ки ҳисоб 4:1 буд, аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра тӯбро ба ҳадаф расонида натавонист.

Ҳайати дастаи «Истиқлол» чунин буд: Эмомалӣ Сониев (Саидҷон Саидраҳмонов, 46), Соҳиб Саванқулов, Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов (Иброҳим Рабимов, 46), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан), Аҳтам Назаров, Вайсиддин Сафаров (Дилшод Восиев, 46), Умедҷон Шарифов, Ҷаҳонгир Эргашев, Юдҷин Сепуйя.

Дар ҳамин ҳол, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки таҳти сарварии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар Белеки Туркия ба мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 омодагӣ мебинад, имрӯз, 22-юми феврал, бо тими лигаи аввали Қазоқистон - «Оқжетпес»-и Кокшетау бозии санҷишӣ мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG