Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти қотилони эҳтимолии Белайд дар Тунис


Шукрӣ Белайд

Дар Тунис гумонбарон дар куштори яке аз раҳбарони мухолифин Шукрӣ Белайд боздошт шуданд. Дар ин бора вазири умури дохилии кишвар хабар дод. Дар бора теъдоди боздоштшудагон, чӣ гуна дастгир шудани онҳо ва ба кадом гурӯҳ мансуб буданашон иттилоъ дода нашудааст.

Шукрӣ Белайд, раиси ҳизби «Ал-Ватод» аввалҳои моҳи феврал бар асари як сӯиқасд ба ҳалокат расид. Қатли ӯ тазоҳуроти густардаи аҳолӣ ва бӯҳрони сиёсиро ба думбол дошт. Тазоҳуркунандагон қатъи зӯроварӣ ва ҷорӣ шудани адли иҷтимоиро талаб мекарданд. Сарвазир Ҳамадӣ Ҷабалӣ ваъда дод, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ин бӯҳронро бо роҳи ташкили як ҳукумати васеъбунёд, ғайримазҳабӣ ва технократ бартараф хоҳад кард. Аммо ҳизби исломии ӯ барояш чунин иҷозаро надод ва ин сабаби истеъфои Ҷабалӣ гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG