Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакилони парлумони Туркия бо Оҷалон мулоқот мекунанд


Абдулло Оҷалон (аз бойгонӣ)

Абдулло Оҷалон (аз бойгонӣ)

Ҳукумати Туркия ба се вакили парлумон, ки аз мавқеи курдҳо ҳимоят мекунанд, барои дидору гуфтугӯ бо раҳбари зиндонии Ҳизби коргарони Курдистон Абдулло Оҷалон иҷоза дод. Ҳадаф аз ин ташриф – музокирот ба хотири хатми низои мусаллаҳона миёни артиши Туркия ва ҷудоихоҳони курд аст.

Яке аз вакилони парлумон гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки Оҷалон ҷонибдорони худро барои қатъи ҳамла ба нерӯҳои Туркия даъват мекунад ё не. Дар сурати расидан ба оташбас – ин аввалин натиҷаи мушаххаси муколамаи мақомоти Туркия бо мусаллаҳони курд хоҳад буд, ки соли гузашта шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG