Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расмуссен: "Коҳиши сармоягузорӣ НАТО-ро заъиф месозад"


Андерс фог Расмуссен

Андерс фог Расмуссен

Дабири кулли НАТО аз паёмадҳои ногувори коҳиши сармоягузории мудофиа аз сӯи кишварҳои узви Паймон ҳушдор дод.

Андерс фог Расмуссен дар поёни рӯзи аввали мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви Паймон дар Брюссел, таъкид кард, ки коҳиши сармоягузорӣ НАТО-ро дар оянда заъиф хоҳад кард, аз ин рӯ бояд раванди кам кардани маблағгузорӣ бояд хотима ёбад. Ба гуфтаи ӯ, “мо ба сатҳи зарурии сармоягузорӣ барои мудофиа ниёз доем ва нигаронии асосии ман аз ин аст, зеро агар буҷа барои дифоъ коҳиш ёбад, ин ба тавоноии мо латма мезанад ва мо дар оянда ба мушкилиҳои амниятӣ мувоҷеҳ хоҳем шуд”.

Дабири кулли НАТО иқрор кард, ки баъзе кишварҳои узв воқеъан ҳам ба мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ шуданд. Ӯ аз ҳукуматҳои кишварҳои узв даъват кард, ки "аввалан, кам кардани буҷа барои дифоъро қатъ кунанд, сониян, захираҳои мавҷударо тавассути густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба босамартар истифода баранд ва ҳамчунин бо эҳё шудани рушди иқтисодӣ сармоягузорӣ ба бахши дифоъро афзоиш диҳанд”.

Ба гуфтаи коршиносон, кам кардани буҷа барои мудофиа барои амалиёти тамрину омӯзиши нерӯҳои афғон аз сӯи НАТО дар оянда мушкил эҷод хоҳад кард. Консепсияи ин амалиёт бояд дар нишасти феълии вазирони дифоъ пазируфта шаванд.

Аммо дар сурати ба ҷойи даҳҳо ҳазор низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ мондани ҳамагӣ чанд ҳазор афсару сарбоз то куҷо ин амалиёт муваффақ хоҳад шуд? Дар посух ба ин суол Андерс фог Расмуссен гуфт, ки “рисолати низомии нерӯҳои мусоидат ба амният дар Афғонистон охирҳои соли 2014 ба поён мерасад ва амалиёти тамрину омӯзиши НАТО аз 1 январи соли 2015 шурӯъ мешавад. Мо ҳанӯз вақт дорем. Мо ҳоло дар ҷараёни тарҳрезии амалиётем ва ман интизор дорам, ки моҳҳои наздик дар мавриди ҳайат ва теъдоди афроди амалиёти нав тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад.”

Имсол аз 6,5 миллиард долларе, ки барои тамрини нерӯҳои афғон тахсис дода мешавад, 5,7 миллиардашро ИМА ҷудо мекунад.
XS
SM
MD
LG