Пайвандҳои дастрасӣ

Хатсайр миёни Душанбеву Остона ифтитоҳ мешавад?


Дар Душанбе мавзӯи ифтитоҳи хатсайрҳои нав миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистону Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки як ҳайати вазорати нақлиёт ва мухобироти Қазоқистон ба хотири музокирот ахиран вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.

Ба қавли манобеи хабаргузорӣ, дар музокирот мавзӯи таҳкиму густариши ҳамкориҳо ва ифтитоҳи хатсайрҳои нав миёни ду кишвар аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ мешавад. Ҳайати Қазоқистон, аз ҷумла, пешниҳод кардааст, ки хатсайри Душанбе-Остона-Душанбе ифтитоҳ шавад - то имрӯз миёни пойтахтҳо парвози ҳавопаймоҳо ба роҳ монда нашудааст. Ҳоло ҳавопаймоҳо аз Душанбе фақат ба Алмаато, пойтахти ҷанубии Қазоқистон, парвоз мекунанд. Парвозҳоро ширкатҳои “Сомон Эйр” ҳафтае ду бор, “Тоҷик Эйр” ҳафтае як бор ва “Эйр Астана” ҳафтае се бор анҷом медиҳанд.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон фақат ба ду кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Қирғизистон парвоз анҷом медиҳанд - аз фурудгоҳи Душанбе ба Бишкек ҳам ҳафтае як бор парвоз сурат мегирад. Аммо аз Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба Ӯзбакистону Туркманистон расидан имкон надорад.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳо ба Ашқободро ба роҳ монда буд, аммо ширкат зарар дид ва парвозҳо дар ин хатсайр қатъ карда шуданд. Бар асари кам будани мусофирон ширкатҳои ҳавопаймоӣ соли гузашта парвозҳо ба Киев, Рига ва Деҳлиро ҳам лағв карданд.

Муҳаммадюсуф Шодиев меафзояд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ асосан ба кишварҳое бештар парвоз мекунанд, ки муҳоҷирони тоҷик он ҷо кор мекунанд. Қарор аст, ки ба зудӣ парвозҳо аз Душанбе ба Қатар ва боз як шаҳри Чин ҳам шурӯъ шаванд.

Айни ҳол миёни Тоҷикистон ва беш аз 20 шаҳри олам парвози ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шудааст.
XS
SM
MD
LG