Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Толибони Покистон дар Нангарҳор боздошт шуд


Вазорати корҳои хориҷаи Покистон таъйид кард, ки мавлавӣ Фақир Муҳаммад-фармондеҳи Толибон боздошт шудааст. Сухангӯи ин вазорат мегӯяд, Покистон умедвор аст, ки мақомоти Афғонистон ин фармондеҳро ба Исломобод таслим хоҳанд кард.

Муҳаммад Фақир замоне муовини фармондеҳи Таҳрики Толибони Покистон буд. Бино ба гузоришҳо, вай дар ҷараёни як амалиёт дар вилояти Нангарҳори Афғонистон дар авоили ҳафтаи ҷорӣ боздошт шудааст.

Фақир Муҳаммад аз муовинати фармондеҳии Толибони Покистон замоне барканор шуд, ки изҳоротеро дар бораи музокирот бо Толибон пахш кард. Вай соли 2011 ифшо кард, ки Таҳрики Толибони Покистон бо мақомоти ҳукуматӣ музокира анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG