Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши бузурге дар Димишқ ҷони 35 нафарро гирифт


Матбуоти давлатии Сурия хабар додаанд, ки рӯзи панҷшанбе дар маркази шаҳри Димишқ-пойтахти ин кишвар таркиши бузург рух додааст.

Пулис мегӯяд, ки ин таркиш дар наздикии ситоди ҳизби ҳокими БААС ва дар наздикии сафоратхонаи Русия ба вуқуъ пайвастааст.

Матбуоти давлатӣ онро амали террористӣ арзёбӣ кардаанд. Матбуоти давлатӣ вожаи “террорист”-ро маъмулан барои шӯришиён ва мухолифони режими Башор Асад истифода мебаранд.

Телевизиони давлатӣ гуфтааст, ки дар ин таркиш 35 нафар кушта, беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG