Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Португалия евроҳои сохтаро боздошт карданд


Дар таърихи Португалия бори нахуст искиносҳои зиёди сохта ё дуруғинро ба маблағи 380 000 евро боздошт кардаанд. Бино ба гуфтаи пулис, амалиёти боздошт рӯзи сешанбе дар шаҳри Порто дар шимоли ин кишвар анҷом гирифтааст.

Дар ҷараёни ин амалиёт як марди 46 солаи хориҷӣ боздошт шудааст. Дар бораи шаҳрвандии вай хабар дода нашудааст.

Пулис мегӯяд, ки ин искиносҳои дуруғини боздоштшудаи евро сифати хуб доштаанд. Ба гуфтаи мақомот, чунин евроҳои сохта тақрибан 10 сол дар Булғористону Олмон, Италияву Португалия ва Испания дар гардиш аст.

Дар аввали моҳи ҷорӣ дар амалиёте дар Португалия низ ба маълағи 300 ҳазор евро пулҳои дуруғини евро боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG