Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистону Италия қарордод имзо карданд


Имрӯз байни ҳукумати Қазоқистон ва Италия дар бораи хуруҷи таҷҳизот ва низомиёни Италия тавассути қаламрави Қазоқистон қарордоде ба имзо расид. Ҳоло низомиёни Италия дар таркиби нируҳои байналмиллалӣ зери фармондеҳии НАТО дар Афғонистон хидмат мекунанд.

Дар ин қарордод аз ҷониби Қазоқистон Одилбек Ҷаксибеков ва аз ҷониби Италия Ҷампаола ди Паола вазирони дифои ҳар ду кишвар имзо карданд. Дар ин бора хабаргузориҳо иттилоъ додаанд.

Қарор аст баъд аз имзои чунин санад Амрикову Олмон, Испанияву Британия ва Фаронса низ бахше аз нируҳо ва таҷҳизоти низомии худро тавассути қаламрави Қазоқистон аз Афғонистон хориҷ кунанд.
XS
SM
MD
LG