Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Димишқ аз таркиши мина футболбоз кушта шуд


Рӯзи чаҳоршанбе дар варзишгоҳи Димишқ ҳангоми таркиши мина як футболбоз ба ҳалокат расид. Чанд нафари дигар аз варзишгарон маҷрӯҳ шудаанд.

Тавре, ки матбуоти давлатии Сурия хабар додааст, дар ин варзишгоҳ дастаи футбол ба машқ машғул будааст ва ба майдон мина афтодааст.

Дар ин рӯз ҳамчунин ба ситоди артиши шӯришиён дар наздикии Димишқ ҳамла сурат гирифтааст ва яке аз фармондеҳони мухолифон ҷароҳат бардоштааст.
XS
SM
MD
LG