Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламон истеъфои ҳукумати Булғористонро қабул мекунад


Эътирозҳо дар София
Эътирозҳо дар София
Интизор меравад, ки имрӯз порламони Булғористон истеъфои ҳукумати ин кишварро ба бипазирад. Ҳукумати Булғористон баъд аз чанд рӯзи тазоҳуроти эътирозии хушунатомез рӯзи чаҳоршанбе ба истеъфо рафт.

Ин эътирозҳо баъд аз боло бурдани нархи истифодаи нируи барқ шуруъ шуд, вале сипас ба тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ табдил ёфт. Эътирозгарон ҳукуматро муттаҳам мекарданд, ки натавонистааст аз ришвахории густарда пешгирӣ кунад ва шароити зистро беҳбуд бахшад.

Бойко Борисов-нахуствазири ин кишвар гуфт, ки ҳукумат намехоҳад, ки тазоҳуроти эътирозӣ идома пайдо кунад, ба ҳамин сабаб ба истеъфо меравад.
XS
SM
MD
LG