Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ мегӯяд, Амрико бояд ба инзивогароӣ тан надиҳад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, бояд кишвараш ба ангезаҳои инзивогароӣ тан надиҳад зеро дар дохил ба душвориҳои иқтисодӣ ва таҳдид ба будҷаи давлатӣ рӯ ба рӯст.

Рӯзи чаҳоршанбе вай зимни суханони худ дар донишгоҳи Вирҷиния гуфт, аз моҳи оянда ба таври автоматӣ коҳиши махориҷи давлатӣ эътибор пайдо мекунад ва бояд амрикоиҳо огаҳ бошанд, ки кишвари мо аз тарҳҳои дигари иқтисодӣ дар ҷаҳон фоида ба даст меорад.

Агар Конгресс натавонад роҳҳои дигари пардохти қарзҳои дохилиро пайдо кунад, коҳиши махориҷ аз якуми март эътибор пайдо мекунад. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки 2,6 миллиард долларро барои фаъолиятҳои имдодӣ, кӯмакҳои амниятӣ ва соири барномаҳои байналмиллалӣ сарф хоҳад кард.

Керрӣ гуфт, ин коҳиш ба тавоноии дипломатии Амрико зарар мерасонад.
XS
SM
MD
LG