Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия маъракаи зидди фарзандхондагии Амрикоро пеш мебарад


Павел Астахов бо кӯдаке, ки як шаҳрванди Амрико фарзанд хондааст
Павел Астахов бо кӯдаке, ки як шаҳрванди Амрико фарзанд хондааст

Матбуоти Русия ва сиёсатмадорони ин кишвар дар ин авохир ба масъалаи марги Максим Кузмин-кӯдаки рус, ки як шаҳрванди Амрико вайро фарзанд хонда буд, таваҷҷуҳи зиёд пайдо кардаанд.

Ин кӯдак 21 январи соли ҷорӣ даргузашт ва акнун ба ин баҳона мақомоти расмии Русия ба таърихи 20 солаи фарзандхондагии кӯдакони рус аз ҷониби шаҳрвандони Амрико таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Павел Астахов-Омбудсмени ҳуқуқи кӯдакони Русия 18 феврал дар сафҳаи Twitter-и худ дар бораи даргузашти Максими 3 сола матлабе ба нашр расонд. Баъд аз қабули фарзандӣ ба Максим мухтасар Макс ном доданд, вале номи хонаводагиаш тағир ёфт ва вай Макс Шатто шуд.

Дар остонаи чопи ин матлаб Думаи Давлатӣ даъват кард, ки Қонуни фарзандхондагии Амрико-Русияро ботил эълон кунанд ва додгоҳи Русия дар моҳи январ манъи иҷрои ин қонунро пазируфт.

17 феврал аз Астахов пурсиданд, ки чаро вай ғайриинтизор ба масъалаи марги Кузмин таваҷҷуҳ пайдо кардааст, вай гуфт, ки дафтари вай, яъне Омбудсмен гузоришҳои матбуоти хориҷиро меомӯзад, то дар бораи масъалаи фарзанд хондани кӯдакони Русия тавассути шаҳрвандони Амрико далел гирдоварӣ намояд.

“Дар охири соли 2011 мо дар дафтари худ як гурӯҳи нозирон ташкил кардем, ин гурӯҳ матбуоти хориҷӣ ва фаъолияти созмонҳои ҳуқуқи башари хориҷӣ, аз ҷумла Амрикоро дунбол ва маълумот ҷамъоварӣ мекунад.”

Ин эътрофоти Астахов гувоҳӣ медиҳад, ки вай на танҳо ба фарзандхондагии хориҷӣ мухолифат дорад, балки собиқаи ин мавзӯъро низ ба омӯзиш гирифтааст.

Астахов иддао мекунад, ки Амрико натавонистааст дар бораи сарнавишти тақрибан 60 000 кӯдаки рус, ки дар давоми 2 соли охир аз тарафи шаҳрвандони Амрико ба фарзандӣ гирифта шудаанд, маълумот диҳад.

Ҳоло шароит ва сабабҳои марги Максим Кузмин дар аёлати Техаси Амрико баррасӣ мешавад. Сафорати Амрико дар Маскав гуфт, ки вазорати корҳои хориҷаи кишвараш ба консулгарии Русия дар Ҳюстони Амрико дар бораи марги Максим чанд ҳафта пеш маълумот додааст. Мақомоти расмии Русия чанд бор бо Кирил-бародари Максим мулоқот кардаанд. Кирилро ҳам ҳамин оила фарзанд хондааст.

Дар Маскав Астахов “ҷанг”-и зидди фарзандхондагӣ”-тавассути шаҳрвандони Амрикоро раҳбарӣ мекунад ва мегӯяд, ки вай аз ҳамон оғоз мухолифи ин кор будааст. Вай соли 2011 таваҷҷуҳро ба парвандаи Исҳоқ Дикстра-кӯдаки руси фарзандхонда ҷалб кард, ки дар соли 2005 дар Амрико фавт карда буд. Падари Исҳоқро моҳи ноябри соли 2011 бегуноҳ эълон карданд ва гуфтанд, ки вай дар куштори Исҳоқ даст надорад.

Аммо Астахов Амрикоро муттаҳам кард ва гуфт, ки Амрико натиҷаҳои бозрасии 6 сола ба ин парвандаро аз мақомоти расмии Русия пинҳон медорад. Баъд аз он Кумитаи бозрасии Русия барои расидагӣ худаш парванда боз кард.

Астахов музокироти ҳайати Русияро дар бораи қарордоди фарзандхондагӣ бо ҳайати Амрико бар уҳда дошт. Ин қарордод моҳи декабри соли 2012 ба тасвиб расид.
Вале ба зудӣ баъд аз тасвиби ин қарордод Русия қонунеро қабул кард ва бар асоси он фарзандхондагии кӯдакони Русия тавассути шаҳрвандони Амрико мамнуъ эълон шуд.
XS
SM
MD
LG