Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифони давлат дар Арманистон


Дар шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон мухолифони давлат алайҳи натиҷаҳои интихоботи рӯзи душанбе тазоҳурот карданд, ки дар он Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури феълӣ пирӯз шуд. Ҳаводорони Рафӣ Ҳованисиён, рақиби аслии Саркиссиён дар Майдони Озодӣ дар маркази Ереван ҷамъ омада ва хостори беэътибор кардани натиҷаҳои интихобот шуданд. Бино ба натиҷаҳои расмӣ, дар интихобот Серж Саркиссиён тақрибан 59 дар сад ва Рафи Ҳованисиён, бештар аз 36 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, пешрафти демократисозӣ дар Арманистонро нишон дод, вале ҳукумат бояд ба камбудиҳое, ки нозирони байналмилалии интихобот ишора карданд, расидагӣ кунад. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, ки баъди аз корзори интихоботӣ даст кашидани ду номзади муҳим дар соли гузашта, дар ҷараёни ин корзор рақобати воқеъӣ дида нашуд.
XS
SM
MD
LG