Пайвандҳои дастрасӣ

Замин аз ин ба баъд ҳамчун тазмини қарз ба моли байни қарзгирандаҳо ва бонкҳо табдил меёбад.

Ҳарчанд ба ихтиёри бонк гузаштани он дар ҳоли варшикастагии қарзгиранда тартиби муайянро тақозо мекунад, вале ба эҳтимоли зиёд бонкҳо акнун ба заминдорони бузург ва аслии Тоҷикистон мубаддал хоҳанд гашт.

Дар гузашта, ба далели моликияти давлатӣ будани замин, бонкҳо наметавонистанд, онро ба ҳайси гарави қарзҳои худ қабул кунанд. Ин монеаро рӯзи чоршанбеи 20--уми феврал Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз миён бардошт. Ҳассосияти масъала сабаб гашт, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни ипотека баъд аз баҳсу кашмакашҳое ворид карда шаванд.


Абдукарим Неъматов, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз зарурати ислоҳи қонун гуфт, ин иқдом метавонад раванди гирифтани қарз тавассути муштариёнро густариш бахшад. Вай афзуд, «амалӣ шудани ин қонун бевосита аз ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста аст. Мо ҳоло дар ягон манотиқи кишвар шоҳиди он нашудем, ки ягон замин аз ҳисоби ҳукуматҳои маҳаллӣ ба тариқи бегона намудан ва ба сифати ба гарав гузоштани он қарор қабул карда бошад. Аз ин лиҳоз хоҷагиҳо то имрӯз ин мушкилотро аз сар мегузаронанд ва наметавонанд қитъаи замини худро ба сифати гарав барои гирифтани қарз аз бонк истифода кунанд.»

Шодӣ Шабдолов, вакили МН аз ҲКТ

Шодӣ Шабдолов, вакили МН аз ҲКТ

Ҷаноби Неъматов афзуд, то имрӯз яке аз сабабҳои ба кундӣ пеш рафтани қарзҳои ипотекӣ дар нисбати қитъаҳои заминҳои кишоварзӣ низ ба он вобаста буд, ки дар сурати барнагардонидани қарз, бонкҳо имкони фурӯхтани ин заминҳоро надоштанд. Аз ин хотир онҳо манфиатдор набуданд, ки заминро ба унвони гарави қарзҳои худ бипазиранд.

Аммо Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва яке аз мухолифони ин ислоҳот мегӯяд, аз ин иқдом мешавад танҳо дар кишварҳое истифода кард, ки замин моликияти хусусӣ бошад. Ба назари ҷаноби Шабдолов, ворид кардани ин тағйиру иловаҳо ба фурӯши ғайриқонунии замин дар Тоҷикистон роҳ боз мекунад.

Ӯ мегӯяд, «дар ин ислоҳот пешниҳод шудааст, ки гарави ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин нисбат ба қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаашон бе ҳуқуқи бегона намудани онҳо ба даст оварда шудааст, манъ аст. Гӯё ягон кас пайдо шудааст, ки аз давлат ҳуқуқи истисоноии соҳибмулк буданашро имкони бегона кардан дорад. Ба назари ман, агар ба ҳамин шакл идома кунад, на Бонки Миллӣ ва на ҳукумати кишвар пеши роҳи хариду фурӯши пинҳонии заминро гирифтан наметавонад. Мо бояд сари ин масъала дуруст фикр кунем ва равзанаро барои сӯистифодаи бешармона ва густохонаи истифода замин боз намонем.»

Зимнан, пешниҳодҳои таъсиси бозори харидуфурӯши замин дарТоҷикистон ҳанӯз сар аз соли 2007 садо медоданд. Он замон сари лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагон низ баррасиҳои тунд сурат гирифта, ба як мавзӯъи доғи маҳофили сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфта буд.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили МН

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили МН

Маҳмадалӣ Ватанов, яке аз дигар аз вакилони ҷонибдори ин ислоҳот гуфт, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз монополияи замин ва хариду фурӯши ғайриқонунии он, тамоми чораҳо андешида шудаанд.

Ҷаноби Ватанов ҳамчунин гуфт, «аслан ҳарчанд дар қонунгузории Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат маҳсуб меёбад, аммо ҳолатҳое, ки мо заминро чун объекти хариду фурӯш дар қонунгузори иҷозат медиҳем, хеле зиёд аст. Масалан, вақте мо манзили истиқомати худро мефурӯшем замине, ки ҳамшафати ҳавлии мост низ фурӯхта мешавад ва ё ин, ки ҳангоми хусусӣ гардонидани корхонаҳо, қитъаҳои калони замине, ки ба ин корхона тааллуқ доранд, хусусӣ мешаванд. Дар ин қонун тамоми механизмҳое, ки барои пешгирӣ намудани бесарусомониҳо ба ҳангоми ипотека аст, нишон дода шудааст. »

Коршиносони умури бонкӣ бар инанд, ки аз ин ислоҳот дар баробари бонкҳо худи давлат низ манфиат мебинад. Зеро рушди кишвар ба ҳаҷми қарзҳое, ки бонкҳо ба муштариён пешниҳод мекунанд, бастагӣ дорад. Дар навбати худ аз нигоҳи ин коршиносон, ба ҳайси замонат истифода шудани замин аз сӯи қарзгирандагон барои бонкҳо аз он лиҳоз беҳтар аст, ки нархи замин назар ба дигар амвол ҳамеша рӯ ба болост.

Баҳром Шарипов, коршиноси умури бонкӣ дар ин замина мегӯяд, «масалан дар ҳолати ҳозира дар баланси бонкҳо ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ иншотҳое қарор доранд, ки қарзро баргардонидан натавонистанд. Лекин агар бонк хоҳад ин амволро барои фурӯш ба бозор барорад, бинобар паст будани арзишашон онҳоро фурӯхта наметавонад. Аз ҳамин сабаб ҳамин монеаҳо, ки дар раванди қарздиҳӣ ва баҳогузории амволу замин мавҷуданд, мушкилотро дар роҳи рушди кишвар эҷод кардаанд. Ва ҳоло агар замин чун амвол истифода шавад, имконияти нафарони камбизоатро, ки замин доранд барои гирифтани қарз аз бонкҳо ва кушодани тиҷорати худ бештар мекунад. Ҳамчунин имкони истифода заминҳои бекорхобида тариқи маблағгузорӣ аз хориҷи кишвар вуҷуд дорад. »

Бо ин ҳама гуфта мешавад, тӯли чанд соли ахир фурӯши ғайриқонунии замин дар Тоҷикистон ба масъалаҳои доғи кишвар табдил шуда, дар робита ба ин ҷиноят даҳҳо тан аз мансабдорон зиндонӣ шудаанд.

Вале боз ҳам нозирони умур мегӯянд, ислоҳоти ахири қонун дар бораи ипотека заминаеро барои ба даст овардани замин аз сӯи бонкдорон фароҳам месозад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни ипотека аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод шудааст. Пас бо таваҷҷуҳ ба ин соҳибназарон мегӯянд, дар пушти ин ҳама иқдомот низ доираи муайяни мансбадорон қарор доранд, ки манфиати гурӯҳҳои муайянро “лоббӣ” мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG