Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои санҷишии дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон


Tajikistan,Sughd region, a tajik football team "Istiqlol" at training camp in Qairoqum city,20February2013
Tajikistan,Sughd region, a tajik football team "Istiqlol" at training camp in Qairoqum city,20February2013
Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ҳамин ҳол бо роҳбарии сармураббӣ Никола Кавазович дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд тамрин мекунад, боз як бозии санҷишӣ анҷом дод. Ин дафъа рақиби “Истиқлол” ҳайати дувуми тими “Актобе”-и Қазоқистон буд.

Бозӣ бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 4:2 анҷом ёфт. Голҳои “Истиқлол”-ро Иброҳим Рабимов (ду гол), Аҳтам Назаров ва Дилшод Восиев заданд.
Ҳайати «Истиқлол» дар ин бозӣ чунин буд: Никола Стошич (Саидҷон Саидраҳмонов, 30, Эмомалӣ Сониев, 60), Наим Улмасов, Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Умедҷон Шарифов (Ҷаҳонгир Эргашев, 55), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (Вайсиддин Сафаров, 70), Иброҳим Рабимов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Юдҷин Сепуйя.

Бозии ояндаи санҷиширо «Истиқлол» дар Қайроққум рӯзи 21-уми феврал бо дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд анҷом медиҳад.

Вале дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки таҳти сарварии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар Белеки Туркия ба мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 омодагӣ мебинад, дар бозии санҷишӣ аз тими дивизиони аввали Сербия «Младеноватс» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ҳисобро дар дақиқаи 22-юм капитани дастаи “Регар-ТадАЗ” Хуршед Маҳмудов боз кард. Вале баъдан ташаббусро бозигарони сербиягӣ ба даст гирифтанд ва се бор дарвозабони “Регар-ТадАЗ” Алишер Додовро маҷбур карданд, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад.

Ҳайати дастаи “Регар-ТадАЗ» дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов (Бахтиёр Азизов, 60), Фаррух Чориев, Сафаралӣ Каримов (Алексей Неъматов, 54), Фабритсио Фрейтас (Арий Элайҷа, 46), Ҷамшед Исмоилов (Расул Файзов 46), Хуршед Маҳмудов, Сантос Луис, Сардорбек Эминов, Аккуфо Гершон (Акмал Сабуров, 46), Комил Саидов (Шодибек Ғаффоров, 55).

Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар Туркия рӯзи 22-юми феврал бо тими лигаи аввали Қазоқистон - «Оқжетпес»-и Кокшетау бозии санҷишӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG