Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "Бояд ба муноқишаи Сурия хотима диҳем"


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, кишвараш ҳамчунон омода аст, ки ба ҳайси майдоне барои музокирот миёни ҳукумати Сурия ва мухолифони он амал кунад. Лавров дар ин бора баъд аз рӯзи аввали ҳамоиши кишварҳои арабӣ ва Русия дар шаҳри Маскав сухан гуфт. Ӯ афзуд:"Ба ин муноқишаи дусола бояд хотима дод. Ҳеҷ яке аз тарафҳо наметавонанд, ба роҳи ҳалли низомӣ такя кунанд, зеро ин роҳ ба ҷое намерасонад, ин роҳи маҳви мардуми якдигар аст." Сергей Лавров ҳамчунин гуфт, ки Русия ва кишварҳои арабӣ ҷаҳд доранд, тарафҳои мухолифро ба мизи музокирот биёранд ва таъкид кард, ки муҳим аст, то ҷиноҳҳои Сурия қабл аз музокирот шарту шароит нагузоранд. Вазири умури хориҷии Русия ба зарурати раҳбарии Иттиҳодияи Араб дар ҳалли муноқишаи Сурия ишора кард. Набил ал-Арабӣ, раиси Иттиҳодияи Араб дар ҳамоиши Маскав ҳузур дошт ва гуфт, нуфузи Русия дар ҳукумати Сурия барои ёфтани роҳҳи ҳалли муноқишаи хунини дусола дар Сурия калидӣ аст.
XS
SM
MD
LG