Пайвандҳои дастрасӣ

Мукофот ва рутбаҳои генералӣ ба афсарони ниҳодҳои қудратӣ


Эмомалӣ Раҳмон ба вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ордени Ситораи Президенти Тоҷикистонро тақдим кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ордени Ситораи Президенти Тоҷикистонро тақдим кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба муносибати бистумин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ, ба даҳҳо нафар аз афсарони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мукофот ва рутбаҳои генералӣ додааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, аз ҷумла Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъ бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 2 сарфароз гардид, ки аз ҷоизаҳои мӯътабари кишвар аст.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Горди Миллӣ, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ, бо ордени "Зарринтоҷ" сарфароз шудаанд, ки аз назари эътибор поёнтар аз ордени Ситораи Президент аст.

Сайидамир Зуҳуров, вазири собиқи амният ва ҳоло Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Абдураҳмон Азимов, сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ, Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амният, Аъзам Қосимов, комиссари ҳарбии вилояти Суғд, Абдулазиз Ҷалолов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Изатулло Шарипов, муовини аввали вазири адлия ва сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва фармондеҳони собиқ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва генералҳои мустаъфӣ Сӯҳроб Қосимов ва Саидшо Шамолов соҳиби нишони Спитамен шудаанд, ки ҳарду дар расидани Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат нақш доранд.

Соҳиби рутба ва нишонҳои фахрӣ шудани баъзе аз ин афсарон мумкин аст, сабаби баҳс дар матбуот шавад, зеро вақтҳои ахир аз ҷумла раёсати зиндонҳои кишвар ба хотири марги зиндониён ва вуҷуди азияту шиканҷаи маҳбусон танқид мешавад.

Бо фармонҳои дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин 13 нафар аз афсарони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ унвони генералӣ гирифтаанд, ки дар байни онҳо панҷ нафар аз вазорати умури дохилӣ ҳастанд. Артиши Миллии Тоҷикистон 20 сол пеш таъсис ёфта ва ба гуфтаи мақомот тайи ин ду даҳсола нерӯманду қавӣ шудааст, агарчӣ ҳанӯз ҳам бо аслиҳаву муҳимоти ҷангии пешрафта таъмин нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG