Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии қазияи варзишгари африқоӣ идома кард


Муфаттишони Африқои Ҷанубӣ дар қазияи Оскар Писториус, варзишгари маъюб, ки ба қатли дӯстдухтараш муттаҳам мешавад, далелҳои нав пешниҳод кардаанд. Дар рӯзи дуввуми баррасии парванда онҳо гуфтанд, ки қабл аз тири туфанг кушта шудани Рива Стинкем, аз хонаи Оскар Писториус фарёди беист ба гӯш расидааст. Ҳамчунин ба гуфтаи муфаттишон аз хонаи варзишгари маълул тирҳое ёфтаанд, ки ҳаққи иҷозаи онҳоро надошт. Оскар Писториус рӯзи сешанбе дар додгоҳ савганд хӯрд, ки дӯстдухтари худро, ки дар ҳаммом будааст, дузд пиндошта ва аз паси дари ҳаммом ба дохил тир андохтааст. Ин варзишгар гуфт, ки дар ҳодисаи рӯзи 14 феврал Рива Стинкампро қасдан накуштааст. Номи Оскар Писториус, ки бо пойҳои сунъӣ ҳаракат мекунад, баъд аз он вирди забонҳо шуд, ки ӯ дар бозиҳои олимпии Лондон дар соли 2012 бо варзишгарони солим рақобат кард.
XS
SM
MD
LG