Пайвандҳои дастрасӣ

Чӣ наврасонро аз мактабҳо ба гимназияву литсейҳо мебарад?


Бинои яке аз гимназияҳо дар шаҳри Душанбе.

Бинои яке аз гимназияҳо дар шаҳри Душанбе.

Таҳсил дар литсей ва гимназияҳои Тоҷикистон, ки солҳои охир шуморашон мисли замбурӯғҳои баъди борон ба маротиб афзудааст, барои наврасон ба як мояи ифтихор табдил ёфтааст.

Онҳое, ки дар чунин мактабҳо таҳсил мекунад, одатан болаёқату донишманд шумурда мешаванд ва роҳи ояндаашон бозтар аст. Шароити мактабу синфхона, барномаи таълим ва ҳатто сару либоси ин хонандаҳо аз толибилмони мактабҳои муқаррарӣ фарқ мекунад. Аксар наврасоне ҳам, ки дар ин мактаб-литсейҳо таҳсил мекунанд, мегӯянд, нигоҳу ҷаҳонбинии онҳо низ аз ҳамсолони дигарашон тафовут дорад.

Умеда Мирова, хонандаи гимназияи “Ҳотам ПВ”, ки таҳсили ибтидоиро дар яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт гирифтааст, бартарии аслии мактаби феълӣ ва омӯзгоронашро дар ҳавасмандсозии хонанда ба таҳсил медонад:

«Дар мактаби оддӣ муаллимаҳо бисёр вақт набуданд, хонандаҳо шавқи таҳсил надоштанд. Ин ҷо воқеан дарсҳо ҷолибанд, хонандаҳо ҳавасманд мешаванд, ба таҳсил ва ба олимпиадаҳо бештар ҷалб мешаванд. Маблағи таҳсил албатта гаронтар аст, аммо назорату сифат хуб аст. Ҳоло ман ҳамсинфони қаблии худро мебинам, таваҷҷӯҳи ва завқи онҳо дигар асту аз мо дигар. Дар мактаби оддӣ ман ҳатто боре дар китобхона набудам, китобхоначиамон ҳамеша дар ҷояш набуд ва китобҳо ҳам пулакӣ буданд, ин ҷо мо аз китобхона фаровон истифода мебарем. Дастрасӣ ба интернет дорем.»


Мактабе, ки Умеда дар он таҳсил мекунад, имрӯз дар кишвар бо пирӯзии хонандаҳояш дар озмунҳои байналмилалли маъруф аст ва мунтазам дар расонаҳо низ роҷеъ ба муваффақияти толибилмони ин мактаб хабарҳо нашр мешавад. Дар Гимназия-интернеати “Ҳотам ПВ”, ки барои як соли таҳсил хонанда 900 доллар пардохт мекунанд, имрӯз 600 нафар таҳсил доранд.

Хуршед Ёров, яке аз дастпарварони гимназияи Ҳотам ПВ, ки чанд сол қабл ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ шуда буд.

Хуршед Ёров, яке аз дастпарварони гимназияи Ҳотам ПВ, ки чанд сол қабл ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ шуда буд.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов, раҳбари ин гимназияи ғайридавлатӣ мегӯяд, шумори хоҳишмандони таҳсил дар ин мактаб сол то сол зиёд мешавад, аммо мактаб ҳоло имкони фарогирии хонандаи аз ин бештарро надорад. Хонандаҳо дар ин мактаб пас аз синфи 4 ва дар асоси имтиҳон қабул мешаванд. Ҷаноби Ҳотамов мегӯяд, онҳо аз рӯйи барномаву нақшаи вижа бо хонандаҳо кор мекунанд.

«Мо зиёд мехонем, хонандаҳои мо ҳар рӯз 8-9 соат мехонанд. Аслан ҳарчӣ кӯдак зиёдтар мустақилона кор кунад, ҳамон қадар донишаш хуб мешавад, вале барои ин ӯро бояд ҳавасманд кард. Ин аз омӯзгорон ҳам албатта вобаста аст, барои ин бояд онҳо меҳнати зиёд кунанд, танҳо баъд мешавад натиҷаеро интизор шуд. Масалан, ҳамин шабу рӯз аз чанд донишгоҳи ҷаҳон ба мо нома омадааст, ки омодаанд, шогирдони моро барои таҳсил қабул кунанд. Хонандаҳои мо дар озмунҳои ҷаҳонӣ ширкат кардаву бо ғалаба бармегарданд.»

Мисли гимназияи “Ҳотам ПВ” имрӯз дар Тоҷикистон 163 гимназия ва мактаб-литсейҳо фаъолият мекунанд. Ин мактабҳои типи нав беш аз 80 ҳазор хонандаро бо таҳсил фаро гирифтаанд.

Наврӯз Хокироев, як масъули вазорати моарифи кишвар мегӯяд, сол то сол талабот ба ин гуна мактабҳо афзоиш меёбад ва имрӯз барои як ҷой дар литсей ва гимназияҳои шаҳр то 10 нафар довталабӣ мекунанд. Роҷеъ ба ҷиҳатҳои аслии фарқкунандаи литсейҳову гимназияҳо аз макотиби одӣ ҷаноби Хокироев гуфт.

«Фарқи аслии онҳо дар он аст, ки тибқи оиннома ва нақшаҳои таълимии худ фаъолият мекунанд, ва дар ин муассисаҳо омӯзиши амиқ аз рӯйи ду равия, равияи ҷамъиятӣ гуманитарӣ ва табии риёзӣ ба хонандагон дарс гуфта мешавад. Ҳамчунин дар ин мактабҳо донишҳои муосир, компютеру забонҳои хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудаанд. Ва як сири аслии мувафақияти ин муассисаҳо дар он аст, ки онҳо омӯзгорони беҳтаринро тариқи имтиҳон интихоб карда мегиранд.»

Бояд гуфт, бо назардошти тафовут дар низоми таҳсил ва дараҷаи дониши хонандаҳои мактабҳои одиву литсейҳо, солҳои охир олимпиадаҳои мактабӣ ҳам барои хонанадгони ин ду навъи муассисаҳои таълимӣ дар алоҳидагӣ баргузор мешаванд. Аммо бо ин ҳама ба гуфтаи ин масъули Вазорати моарифи кишвар фаъолияти на ҳамаи таълимгоҳҳои типпи нав ва хусусӣ ба талабот ҷавобгӯст.

Бархе аз волидон ҳам мегӯянд, бо вуҷуди нархи гарони таҳсил, аз дараҷаи дониш ва сифати таълим дар бархе аз ин мактабҳои типи нав чандон розӣ нестанд.

Абдураҳмон, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд соли гузашта бо таваҷҷӯҳ ба завқу шавқи писараш ба таҳсил, ӯро ба яке аз литсейҳо бурдааст. Аммо ба гуфтаи Абдураҳмон фарзанди ӯ пас аз як ҳафта боз ба мактаби қаблии худ баргашт:

«Донишаш хуб буд, гуфтам беҳтар аст, дар литсей таҳсил кунад, вале пас аз як ҳафта гуфт, ки дадаҷон ман ба мактаби худ бармегардам. Фикр кардам муаллимон сахтгиранд он ҷо ва ӯ тоқат накардааст, аммо писарам гуфт, ки ин литсей аз мактаби оддие, ки ӯ таҳсил мекард чандон фарқе надорад. Мисол овард, ки дарси ботаника дар мактабӣ оддӣ барош ҷолибтар буду омӯзгораш ҳам бадоништар. Аммо он ҷо на муносибати хонандаҳо ва на кори омӯзгорон барояш писанд наомадааст.»

Мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалов. Акс аз бойгонӣ.

Мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалов. Акс аз бойгонӣ.

Аз миёни беш аз 100 мактаб-литсей ва гимназияҳои кишвар таваҷҷӯҳи волидону хонандагон ба мактабҳои муштараки тоҷикӣ туркӣ, мактаби байналмилаллӣ, “Ҳотам ПВ” ва аз литсейҳои давлатӣ ба мактаби президентӣ бештар аст. Монеае аслие, ки садди роҳи тасмими аксарр волидон барои таҳсили фарзандонашон дар ин муассисаҳо мешавад ин маблағи таҳсил аст. Ҳаққи таҳсил дар мактабҳои типи нав солона аз беш аз 200 то ба 1000 доллар мерасад.

Вале Туйчӣ Рашидов, таҳлилгари ҷавон дар соҳаи маориф, мегӯяд, ҳарчанд мактабҳои одӣ расман ройгонанд, вале дар маҷмӯъ хароҷоте, ки давоми таҳсил як хонанда барои омӯзгору мактаб мекунад қариб ба қиммати бархе аз литсею гимназияҳо баробар мешавад. Тӯйчӣ Рашидв мегӯяд, таҳсил дар мактаб-литсей ва гимназияҳо барои хонандаҳо муфидтар аст, чун дар ин муассисаҳо хонанда мустақилона омӯхтанро ёд мегирад.

«Асос ин аст, ки омӯзгорон дар ин мактабҳо дар фикри ягон кори дигар ва дарёфти роҳи дигари даромад нестанд. Онҳо ба фарқ аз ҳамтоёнашон дар мактабҳои муқаррарӣ чанд маротиб бештар маош мегиранд ва албатта, ки таваҷҷӯҳашон ҳам ба кор бештар асту масъулиятро бештар эҳсос мекунанд.»

Дар ҳар сурат ба гуфтаи мусоҳибони мо, бо зиёд шудани теъдоди мактабу таълимгоҳҳо рақобат ва интихоб ҳам дар ин самт зиёд мешавад, ва ин албатта метавонад дар боло бурдани сифати таълим мусоидат кунад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, фурсати он расидааст, ки таҷрибаи мактабҳои нав омӯхта ва дар мактабҳои одӣ низ ба ҳадди имкон истифода шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG