Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди телефонӣ ба ҳуқуқдони тоҷик


Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷониби як шахси номаълум тавассути телефон таҳдид шудааст.

Ҷаноби Ҳакимов рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми феврал дар суҳбат дар "Озодӣ" гуфт, ки шоми шанбеи 16-ум феврал шахсе бо шумораҳои номаълум занг зада, ба ӯ таҳдид кардааст, ки «дигар дар маркази ҳуқуқии «Сипар» пайдо нашавад ва дар ғайри он кушта хоҳад шуд.

Пас аз ин таҳдид ва дашномҳои қабеҳ, шахси номаълум телефонро хомӯш кардааст. Ҷаноби Ҳакимов вақте, ки мепурсад, шумо кистед ва ин ҳарфҳо чӣ маъно доранд, вай дар ҷавоб гуфтааст, ки «худат медонӣ ман чиро дар назар дорам.»

Ба таъкиди Шокирҷон Ҳакимов, ҳарчанд ӯ кӯшиш кардааст, бидонад, ин фард кӣ ҳаст ва бо чӣ шумораҳое ба ӯ занг задааст, аммо муваффақ нашудааст.

Ба ин далел, муовини раиси ҲУСДТ бо дарёфти санадҳои зарурӣ аз ширкати "Мегафон", ки шумораи телефонаш ба ин ширкат тааллуқ дорад, рӯзи сешанбеи 19-уми феврал ба манзури мушаххас кардани шумораи шахси таҳдидкунанда, ба Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-2, муроҷиат кардааст.

Ҳарчанд Шокирҷон Ҳакимов намедонад, ин таҳдид чӣ ангезае дорад, аммо бо таваҷҷуҳ ба он, ки вай ҳуқуқшинос аст, ба ин бовар аст, ки ин иқдом ба фаъолияти касбӣ ва сиёсии вай рабт дорад.

Зеро Шокирҷон Ҳакимов ба унвони иштирокчии фаъол дар нишастҳои маҳфили «Аҳзоби шомили эътилофи сиёсӣ» роҷеъ ба тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, ки дар маркази ҳуқуқии «Сипар» баргузор мешавад, фаъолона ширкат мекунад.

Аз сӯи дигар Ҳакимов мегӯяд, дар ин авохир чанд нафар аз Кӯлоб ва Исфара барои машваратҳо дар баҳсҳои додгоҳӣ ба ӯ муроҷиат кардаанд ва ҳамчунин дар баҳси додгоҳии нашрияи Имрӯзнюс бо Рустам Ҳукумов, фарзанди раиси Идораи роҳи Оҳан, ҳамчун коршиноси ҳуқуқӣ аз нашрия пуштибонӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол масъулони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 дарёфти номаи шикоятӣ аз сӯи Шокирҷон Ҳакимов тасдиқ карда ва гуфтаанд, ки ин қазияро таҳқиқ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG