Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як бор ҷастӣ, малахак..." Кӣ оташнишонҳоро саргардон мекунад?


Танҳо дар чанд моҳи охир ба Хадамоти оташнишонии Қӯрғонтеппа дастикам 8 дафъа занги дурӯғин зада, наҷотбахшони ин идораро сарсону овора кардаанд.

Саидбек Аминов, муовини сардори раёсати хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Хатлон, мегӯяд, хабарҳои бардурӯғ дар бораи оташсӯзиҳо, натанҳо боиси саргардонии наҷотбахшон шудааст, балки ба хадамоти оташнишонӣ зиёни молиявӣ низ расонидааст.

«Ба ҳар занге, ки ба «01» мезананд, мо вокуниши сареъ нишон медиҳем, зуд оташнишонҳоро равона мекунем ба маҳалле, ки хабар медиҳанд. Аммо чанд бор шуд, ки хабари дурӯғин медиҳанд. Асосан кӯдаконе, ки дур аз назорати падару модарон мемонанд, чунин даъватҳои дурӯғин мекунанд. Онҳоро ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Вале метарсам, ки «телефонбозон» мисли Афандӣ нашаванд, ки се бор хабари дурӯғ медиҳаду бори чаҳорум хабари воқеӣ, аммо касе ба ҳарфаш бовар намекунад. Ба ҳар ҳол мо ҳар занги даъватро қабул мекунем, мошинҳоро мефиристем», - афзуд С. Аминов.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Аз афзоиши даъватҳои бардурӯғ аз ҷониби шаҳрвандон натанҳо масъулони хадамоти оташнишонӣ, балки кормандони шуъбаи «Ёрии таъҷилии тиббӣ» ва милитсияи Қӯрғонтеппа низ шикоят доранд.

Роҳила Ғафурова, навбатдори қабули даъватҳои «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бавижа пас аз пайдоиши телефонҳои мобилӣ даъватҳои дурӯғини шаҳрвандон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ба гуфтаи ӯ, тибқи дастури амал, навбатдори «Ёрии таъҷилӣ» ному насаби бемор, синну сол, суроғаи манзил ва рақами телефонашро қайд мекунад, аммо бисёр шуда, ки одамон барқасдона нишонии ҳамсояҳои худ ё тамоман бегонагонро дода, табибонро ба гумроҳӣ мебаранд.

Хонум Ғафурова афзуд: «Ҳоло бисёр ширкатҳои мобилӣ зангҳо баромад ба «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ройгон кардаанд. Аз ҳамин ҳисоб бисёр шудааст зангҳои дурӯғин. Мо даъваташонро қабул мекунем, рақами телефонашонро сабт карда, ба пизишке, ки бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба хонаи бемор меравад, медиҳем. Аммо вақте, ки ба нишонии зикршуда мерасанду телефон мекунанд, одами зангзада телефонашро хомӯш мекунад. Ба хона дароянд, соҳибхона хоб асту дар ҳайрат мемонад, қасам мехӯрад, ки ба «Ёрии таъҷилӣ» телефон накардааст. Одамонро дар соатҳои 12 ё 1-и шаб нороҳат мекунанд."


Хонум Ғафурова дар идома гуфт: Тасаввур кунед, ҳамин вақт ягон одами воқеан ниёзманд ба «Ёрии таъҷилии тиббӣ» занг занад, маҷбур мешавад, ки аз барои ҳамин хел «ложний визов»-ро, интизори кӯмак шавад. Чанд дафъа ба шуъбаи ВКД-и шаҳр муроҷиат кардем, мегӯянд, ки хаттӣ муроҷиат кунед. Фоида надорад. Компанияҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ барои дархости мо шуда, мизоҷони худро «намефурӯшад», номашро ифшо намекунад, ки дар натиҷа онҳо беҷазо мемонанд.»

Аммо подполковник Бахтиёр Шодиев, сардори қисми навбатдории раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, мегӯяд, бо вуҷуди шикоятҳо аз зангҳои бардурӯғ ба «01», «02», «03», яъне хадамоти оташнишонӣ, милитсия ё «Ёрии таъҷилии тиббӣ», то ҳанӯз ягон нафар аз омилони чунин хабарҳои дурӯғин ошкор ва муҷозот нашудаанд:

«Аз шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтепа гуфтанд, ки дар 1-2 ҳафтан ҳатман 1-2 бор хабарҳои бардурӯғ дар бораи вуқуи кадом ҳодиса тавассути телефон дода мешаванд. Гуруҳи фаврӣ ба ҷойи ҳодиса мераванд, аммо ягон лаҳза, ягон қазия сар назадааст. Одатан, ба «02» бо рақамҳои пинҳон аз телефонҳои мобилӣ занг зада, мегӯянд, ки ҳодисае дар кӯча, назди тарабхона ё бозор сар задааст, аммо маълум мешавад, ки хабари дурӯғин аст. Мутаассифона, пайдо кардани одамоне, ки чунин даъватҳои дурӯғин мекунанд, мушкил аст».

Аз подполковник Шодиев пурсидам, ки ӯ ҳамчун ходими собиқадори милитсия роҳи муассири ҷилавгирӣ аз даъвату зангҳои бардурӯғро дар чӣ мебинад. Вай гуфт: «Як шарти муҳим аст, ки сим-кортҳо бидуни шиносномаи харидор умуман фурӯхта нашаванд. Агар ҳамин кор ҳатмӣ шавад, шояд соҳибони сим-кортҳо масъулияти бештаре ҳис кунанд ва пайдо кардани онҳо ҳам мушкил нахоҳад буд. Мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки бо нусхаи як шиноснома даҳҳо ва садҳо сим-кортро мефурӯшанд. Ҳоло дар бозорҳо бар ивази 3-5 сомонӣ чанд адад сим-корте, ки мехоҳед, осону бепурсиш ва беҳуҷҷат харида метавонед. Баъзе ҷавонону наврасони бекор ҳар хел аҳмақӣ мекунанд, сим-кортҳои тасодуфиро ба телефон гузошта, ба рақамҳои хадамотҳои кӯмаки фаврӣ занг мезананд. Баъд сим-кортро партофта, шояд аз дур назора кунанду ба натиҷаи амали беодобонаю ғайриқонунии худ завқ ҳам баранд».

Бахтиёр Шодиев ҳамчунин аз волидон, омӯзгорон даъват кард, ки ба ҷавонону наврасон дар мавриди пайомадҳои номатлуби чунин зангҳои дурӯғин ба «01», «02», «03» хабар диҳанд. Вай афзуд, қонунгузории Тоҷикистон барои расонидани иттилои бардурӯғ ба мақомот ё зангҳои барқасдонаю дурӯғин муҷозот пешбинӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Роҳила Ғафурова, корманди шуъбаи «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, феълан дар ин идора ба истилоҳ «рӯйхати сиёҳ»-и телефонҳое тартиб дода шудааст, ки бо даъватҳои дурӯғин ба «03» занг мезананд. Яъне агар аз рақамҳо дубора «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро даъват кунанд, пизишкони шуъба аз эҳтиёт кор мегиранд. Ва Худо кунад, ки соҳибони телефонҳои дар ин «рӯйхати сиёҳ»-буда воқеан ҳам ба кӯмаки таъҷилии тиббӣ ниёзманд нашаванд.
XS
SM
MD
LG