Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Тунис истеъфо дод


Ҳамадӣ Ҷабалӣ
Ҳамадӣ Ҷабалӣ
Сарвазири Тунис Ҳамадӣ Ҷабалӣ дар пайи нокомӣ дар амри ба даст овардани ҳимояти ҳизби ҳокими исломии Ан-Наҳда аз кобинаи технократиаш истеъфо дод. Ҷабалӣ гуфт, ваъда дода буд, ки агар дар ташкили ҳукумати ғайриҳизбӣ ноком шавад, канор хоҳад рафт ва ба ин ваъдааш амал мекунад. Ҷабалӣ, ки аз қаноти мӯътадили Ан-Наҳда намояндагӣ мекард ва аз 11 декабри соли 2011 сарвазир буд, аҳд карда буд, Тунисро аз буҳроне, ки дар пайи қатли раҳбари мухолифини дунявигаро Шукрӣ Билод дар 8 феврал пеш омад, берун хоҳад кашид.
Қатли Билод эътирозҳои хушунатомез дар саросари кишварро ба дунбол дошт. Аз замони суқути режими Зайналобидин Бин Алӣ дар ду соли пеш Тунис дар чанги хушунатҳову ошӯбҳои иҷтимоӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG